Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат барои таъсиси коллеҷ дар Кангурт

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик коллеҷи тиббӣ таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон имзо шуд, коллеҷи Кангурт, ба сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шомил мегардад.

Озода Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр

Инчунин бар асоси ин қарор, коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара низ ба сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил карда мешавад.

Раисиҷумҳур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки масоили ташкилии муассисаҳои мазкурро ҳал намояд.

Инчунин Вазорати молия дастур гирифтааст, ки маблағгузории муассисаҳои давлатии коллеҷҳои тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва ноҳияи Данғараро таъмин созад.

Лентаи хабарҳо
0