03:44 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сигарета, архивное фото

Тамоку-кашӣ: дар Душанбе ин мавзуъро баррасӣ мекунанд

CC0 / Pixabay
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
239 0 0

 Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ба муносибати «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку» 28 майи соли равон дар Маркази матбуоти  ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  ҳамоиш таҳти унвони «Тамоку ва саломатии шуш» баргузор мегардад.

Ба гузориши АМИТ "Ховар" дар ҳамоиш масоили хавфи истеъмоли тамоку, зарурати тадбирҳои самараноки паст кардани сатҳи истеъмоли он,  нақши муҳими  шуш  барои саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як шахс, таъсири зараровари  истеъмоли тамоку ба шуши инсон, аз саратон то ба   бемориҳои музминро муҳокима хоҳанд кард.

Ҳамасола 31 май дар тамоми ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку» таҷлил  мегардад. Тибқи иттилои  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муҳимияти пешгирӣ ва ё маҳдуд намудани ин масъаларо ба назар гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта, Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Мавзӯъҳои асосӣ