17:45 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Супруга Президента Турции открыла в Душанбе Центр реабилитации инвалидов

Ҳамсари Эрдуғон дар Душанбе Маркази тавонбахшии маъюбонро ифтитоҳ кард

Супруга Президента Турции открыла в Душанбе Центр реабилитации инвалидов
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
432 0 0

Хонум Эмине Эрдуғон президенти Туркия муҳтарам Реҷаб Таййб Эрдуғонро, ки бо мақсади ширкат дар  панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба  шаҳри Душанбе  омад,  ҳамроҳӣ менамояд      

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхона — Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими  кушодашавии ин муассисаи тиббӣ хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия Реҷаб Тайиб Эрдуғон иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими мазкур Хонум Эмине Эрдоған зикр намуд, ки бунёди ин марказ қадами устувор дар рушди робитаҳои дӯстии ду кишвари ҳамҷавор хоҳад буд.

"Итминон дорам, ки ин марказ барои шахсони имконияташон маҳдуд василаи хуби табобат гардида, дар ҳаёти онҳо дигаргуниҳои куллиро   ба миён меорад",-гуфт ӯ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр кард, ки дар  ин марказ  физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи бунёди Марказ дар ду марҳила амалӣ гардид. Дар марҳилаи якуми он бинои якошёна бо майдони 300 метри мураббаъ дар ҳудуди муайяннамудаи роҳбарони беморхона сохта шуд. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа Маркази мазкур  бо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии  тиббӣ барои тавонбахшии маъюбон муҷаҳҳаз гардид.

Дар Маркази  мазкур имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар  баробари расонидани хизмати тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҳамзамон табобати баъдиҷарроҳии беморони шуъбаи ортопедии Маркази миллии тиббӣ гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз баргузории Самити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Эрдуған даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.

Мавзӯъҳои асосӣ