Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

© © Sputnik / Амир ИсаевПомощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳур вазъи ВНМО ва нашмандӣ, бахусус миёни ҷавонон дар Тоҷикистон нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.  Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханронӣ дар ҷаласаи корӣ гуфт, бо вуҷуди пешравиҳои соҳа яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад, вазъи ташвишовари вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.

Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии табибон то афзоиши сирояти ВНМО: нигаронии прокурорҳо дар Суғд

Тавре, ки ёрдамчии Президент зикр намудааст, аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур додааст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва барои пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

“Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотрасонии  шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад”, - таъкид намудааст ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Вай инчунин қайд намудаааст, ки Вазорати тандурустӣ бояд якҷо бо Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати ба навор гирифтани роликҳо ва пахши мунтазами онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ тадбир андешад.

Дигар аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ, ки Ёрдамчии Президентро  нигарон кардааст, ин вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ будааст.

Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон бар зидди нашъамандӣ бо реклама мубориза мебарад

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар натиҷаи таҳлили ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои табобатӣ маълум карда шуд, ки шумораи умумии нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ, ки дар қайди тахассусӣ меистанд, дар се моҳи соли 2019, дар ҷумҳурӣ 5808 нафарро ташкил дода, 64 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад.

Вай таъкид намуд, ки дар ин самт низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, алалхусус байни ҷавонон кам ба назар мерасанд.

“Вазорат бояд якҷо бо кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад”,-афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Лентаи хабарҳо
0