01:24 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ доир ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон бо иштироки мақомоти баландпояти Тоҷикистон ва коршиносону мақомдорони кишвар баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рӯзи 18 октябри соли равон дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ доир ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон  баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд доир мешавад.

Тавре манбаъ хабар додааст, дар Форуми мазкур масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

Қарор аст дар Форуми мазкур роҳбарияти олии мамлакат, садри вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намоянд.

Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Душанбе, маъюб, форум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ