Нигаронии Олимзода аз фасодзадагии Хатлон ва таҳдид ба барканории масъулин

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода аз фасодзадагии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 15 июл Sputnik. Рӯзи 13 июл, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ доир гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ Насим Олимзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур Зафар Гулаҳмадзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шаҳри Душанбе, роҳбарони хадамотҳо, раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии зерсохтори вазорат ширкат намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, вазири тандурустӣ  Насим Олимзода аз вазъи иҷрои нокифояи протоколҳои клиникӣ, масъалаҳои фавти модар ва кӯдак,  солимии репродуктивӣ, зоишҳои хонагӣ, хатнаи кӯдакон, муроҷиати такрории шаҳрвандон, коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа дар вилояти Хатлон  изҳори нигаронӣ намуд.

"Бо назардошти мушкилотҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода супоришҳои мушаххас дода, инчунин таъкид намуд, ки дар сурати дар муҳлати муайянгардида ислоҳ нашудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта  нисбати масъулини соҳаҳои болозикр дар ин вилоят чораҳои мушаххас андешида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз интиқоди Раҳмон: вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшедро ба Суғд фиристод

Дар идомаи ҷаласа Олимзода,  оид ба мушкилот ва камбудиҳои соҳа дар вилояти Суғд низ ибрози андеша намуда, қайд кардааст, ки мутаассифона мушкилоти болозикр дар ин вилоят низ ба назар мерасанд.

"Аз ҷумла, ӯ аз истифодаи чандкаратаи мавод ва ашёҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд, гирифторшавии шаҳрвандон ба гепатитҳои вирусӣ, иҷрои нокифояи протоколҳои клиникӣ, хатнаи нокифояи кӯдакон, ҳолатҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳа дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ карда, баҳри рафъи онҳо ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин фаъолияти нимсолаи раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар идомаи ҷаласа мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта  ба сардорони раёсатҳои мазкур аз ҷониби вазир супоришҳои қатъӣ дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0