Ҳафт тонна доруи қалбакӣ дар Хатлон нобуд шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон ҳафт тонна маводи дорувории бе сертификат сӯзонида шудааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 50 номгӯи маводҳои дорувории аз муҳлати истифода гузаштаро нобуд кардааст.

Гуфта мешавад, ки доруҳо дар асоси мактуби муроҷиатии Беморхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон, ки дар ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст, несту нобуд карда шудааст.

Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши 746 дорухонаю 31,7 ҳазор дору

Чуноне маркази матбуотии Сарраёсати номбурда хабар медиҳад, Беморхонаи муштараки Тоҷикистон Ҳиндустон, ки аслан ба хизматчиёни қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон ва аҳолии навоҳии гирду атрофи беморхона хизмат мерасонад, маводҳои дорувории муҳлати истифодаашонро ҷамъоварӣ намуда, ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ супоридааст.

Бино ба иттилои манбаъ, маводҳои доруворӣ ва молҳои тибии муҳлати истифодаашон гузашта дар ҳузури коммисияи махсус ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шудааст.

Дар Хатлон ду ҳазору 850 кило доруҳои муҳлатгузашта ошкор ва нобуд карда шуд

Манбаъ афзуда, ки дар маҷмӯъ дар шаш моҳи сипари гашта Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят наздики ҳафт тонна маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификат ва қалбакиро ба таври сӯзонидан, несту нобуд кардааст.

Баъди танқидҳои раисҷумҳур: дар Бадахшон доруҳои пастсифат мусодира ва сӯзонда шуданд

Лентаи хабарҳо
0