06:33 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото

Ваъдаи ширкати чинӣ ба раиси Хатлон: омода ҳастем марказҳои ташхисию табобатӣ созем

© Sputnik / Амир Исаев
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
224 0 0

Ширкати Чинии “Neusoft Medical Corporation” тасмим дорад дар вилояти Хатлон марказҳои ташхисию табобатӣ созад ва барои онҳо мутахассисони маҳалиро омода намояд

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ахиран дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дидору мулоқоти Қурбон Ҳакимзода раиси вилоят бо Дан Зан, намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Чин баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд карда шудааст, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти вилояти Хатлон ва Ширкати мазкур амал менамояд шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷалолиддини Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида, ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Чин Дан Зан зимни мулоқот барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос кардааст.

Вай афзудааст, ки ширкат омода аст ин гуна марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монанд. Ва барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳалиро омода намоянд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон барои васеъ намудани ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуда, иброз намуд, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи маркази ташхиси тиббӣ, сохтмон, ширкати чинӣ, Чин, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ