10:47 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Муллозуҳур Тоҳирӣ ба кормандони парлумон дар бораи дарозумрӣ гуфт

© Sputnik / Руслан Кривобок
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби шинохтаи Тоҷикистон барои масъулини парлумони кишвар дар мавзӯи “Саломатӣ ва дарозумрӣ” мизи мудаввар баргузор кард

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, табиб Тоҳирӣ ба масъулини Дастгоҳи  мақоми олии қонунбарор дар бораи саломатӣ бо истифода аз тибби халқӣ ва тибби кайҳонӣ иттилоъ додааст.

Котиботи Маҷлиси намояндагон таъкид намудааст, ки Тоҳирӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин таҳиягари китоби муфассалест, ки тибби халқӣ, тибби кайҳонӣ ва тибби академиро бо хам пайванд намудааст. Аз ин китоб, ки нахустин дар Осиёи Марказӣ мебоошад, “Солими тиб ва табобат” ном бурда шудааст.

Дафтари матбуоти парлумон яке аз вижагиҳои кори Муллозуҳур Тоҳириро дар он гуфтааст, ки дар ҳама ҳолат аз миллату кишвар ва манфиатҳои миллии тоҷикон ҳимоят мекунад.

“Дар умум ин шахсият аз чеҳраҳои фарзонаест, ки ҳаёти худро пайи таҳқиқу кашфиёти доруҳои нав ба нав ва табобати мардуми ин сарзамин сарф менамояд”, - омадааст дар иттилоия.

Тоҷикон - дувумин мардуми дарозумри Осиёи Миёна будаанд

Инчунин иттилоъ дода шудааст, Тоҳирӣ аввалин аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои технологии Русия мебошад.

Котиботи парлумони Тоҷикистон илова намудааст, ки Муллозуҳур Тоҳирӣ мавқеи гиёҳшиносии тоҷикро дар тамоми кишварҳои дуру наздик шинос карда, бо усулу тарзи табобатҳои худ тоҷиконро ба чаҳониён муаррифӣ намудааст. 

Барчаспҳо:
дар бораи дарозумрӣ, саломатӣ, мизи мудаввар, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ