03:59 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Аптека в Таджикистане, архивное фото

Абдулқодирзода: пеш аз Истиқлолият дар ҳар ноҳияи вилоят танҳо як дорухона фаъолият мекард

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9310

Сардори сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни ҷаласа эълон намудааст, ки дар даврони Истиқлолият дар баробари дигар соҳаҳо бахши тандурустӣ ва дорусозӣ низ бо суръат рушд дорад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ахиран бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз дастовардҳои вилоят сухан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки  қабл аз ба даст овардани Истиқлолият дар қаламрави вилояти Хатлон ягон корхонаи истеҳсолии маводҳои доруворӣ вуҷуд надошт. Ва дар ҳар ноҳияи вилоят танҳо як адад дорухона фаъолият мекарду халос”, - таъкид кард вай.

Ба гуфтаи Маҳмадҷон Абдулқодирзода, хушбахтона, пас ба даст овардани Истиқлолияти дар қаламрави вилояти Хатлон чандин корхонаҳои истеҳсолии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин, дар қаламрави вилояти Хатлон муассисаҳои зиёди тиббӣ ба истифода дода шуданд, ки ба мардум хизматрасонии сатҳи баланд мерасонанд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки имрӯз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят бо таҳҷизотҳои тиббии замонавӣ  таъмин шуда истодаанд. 

Вай қайд намудааст, ки агар солҳои қаблӣ сокинони вилоят барои аз оддитарин ташхис гузаштан ба шаҳри Душанбе мерафтанд, имрӯз баҳри ташхису табобати шаҳрвандон дар вилоят тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон вай афзуд, ширкатҳои фарматсевтӣ  дар вилоят кӯшиш доранд, ки дорухонаҳои худро бо талаботҳои имрӯза низ ҷавобгӯ намоянд.

Барчаспҳо:
тандурустӣ, фаъолият, корхона, дорусозӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ