Нобудсозии 10,5 тонна маводи ороишию гигиенӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкНа полигоне промышленных отходов, архивное фото
На полигоне промышленных отходов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар 118 мағозаю анбор ва дӯконҳои фурӯши маводи ороишию гигенӣ санҷиш гузарондааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, маъмурини Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ тайи 8 моҳи соли равон дар 118 мағозаю анбор ва дӯконҳои фурӯши маводи ороишию гигенӣ, ғизои кӯдаконаи вилоят Суғд санҷиш гузарондаанд.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши Додсионии кулл аз пинҳонкунии боҷи гумрукии як соҳибкор

Манбаъ афзуд, ки аз 25 мағозаву дӯкон ва анборҳои санҷидашуда 158 номгӯи маводи ороишию гигиении шубҳанокро барои муайян кардани таркибашон гирифта, барои ташхис ба корхонаи “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтию тиббӣ” интиқол доданд.

Субҳиддин Ҳурматов, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ изҳор доштааст, ки мутаассифона, бо вуҷуди пеш бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва пешгирии маҳсулоти пастсифати ороишию гигиенӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби соҳибкорони алоҳида ба назар мерасад.

Ҳамин тавр дар пайи санҷиш 24 номгӯи маводи ороишию гигиении мӯҳлати истифодаашон гузашта ва бидуни шаҳодатномаи сифат ба миқдори 10 ҳазору 590 кило дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд несту нобуд карда шуданд.

Душанберо ободтар созед: супориши Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Эмомалӣ

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дастур гирифта буданд, ки назорати риояи қоидаи санитарӣ-гигиениро дар нуктаҳои ороишӣ, сартарошхонаҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои хидматрасониҳои тиббӣ таҳким бахшанд.

Лентаи хабарҳо
0