23:13 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Медицинская капельница, архивное фото

Пизишкони хориҷӣ майнаи сари Бибиоишаи 7-соларо ҷарроҳӣ карданд

© Sputnik / Варвара Гертье
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Ҷарроҳони хориҷӣ, ки тибқи шартнома ба Тоҷикистон омадаанд, имрӯз амалиёти ҷарроҳии гирифтани омоси майнаи сарро амҷом доданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Як гурӯҳ нейрохирургон аз кишварҳои Белгия, Голландия ва Швейтсария тибқи шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гузоиши Вазорати тандурустӣ, мақсад аз ташрифи ҷарроҳони хориҷӣ табодули таҷриба бо  ҷарроҳони тоҷик ва густариш додани  ҳамкориҳо дар соҳа мебошад.

Ташрифи нейрохирургони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Ташрифи нейрохирургони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Тибқи иттилои манбаъ, феълан нейрохирургон доктор Антон Лукеш, профессор Томаш  Меновски, ҳамшираи ҷарроҳ Ольга Крауз, анестизиолог Кристиан Реликс дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

"Онҳо имрӯз, 22  октябр дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–"Шифобахш" бо ширкати ҷарроҳони ватанӣ амалиёти ҷарроҳии гирифтани омоси майнаи сарро ба бемор Зоирова Бибиоишаи 7 сола, сокини шаҳри Турсунзода гузарониданд", - омадааст дар хабарнома.

Амалиёт ҷарроҳии Бибиоишаи 7-сола
Амалиёт ҷарроҳии Бибиоишаи 7-сола

Гуфта мешавад, ки пизишкони хориҷӣ тибқи шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Барчаспҳо:
ҷарроҳӣ, пизишк

Мавзӯъҳои асосӣ