02:42 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Врачи в операционной, архивное фото

Пизишкони Белгия, Голландия ва Швейтсария ба Тоҷикистон омаданд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Пизишкони се кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон барои табодули таҷриба бо ҷарраҳони тоҷик ва густариши ҳамкориҳо омаданд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, як гурӯҳ нейрохирургон аз кишварҳои Белгия, Голландия ва Швейтсария тибқи шартнома дар Тоҷикистон қарор доранд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, мақсад аз ташрифи ҷарроҳони хориҷӣ табодули таҷриба бо  ҷарроҳони тоҷик ва густариш додани  ҳамкориҳо дар соҳа мебошад.

“Нейрохирургон доктор Антон Лукеш, профессор Томаш  Меновски, ҳамшираи ҷарроҳ Ольга Крауз, анестизиолог Кристиан Реликс имрӯз, 22  октябр дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–“Шифобахш” бо ширкати ҷарроҳони ватанӣ амалиёти ҷарроҳии гирифтани омоси майнаи сарро ба бемор Зоирова Бибиоишаи 7 сола, сокини шаҳри Турсунзода гузарониданд”- гуфт манбаъ.

Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон бо якчанд кишварҳои олам  барои табодули таҷрибаи кормандони соҳаи тиб шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба беморон амалиётҳои ҷарроҳии ройгон мегузаронанд.

Барчаспҳо:
таҷриба, табодули таҷриба, Голландия, Швейтсария, Белгия, Аврупо, пизишк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ