Тоҷикистон хостори сармоягузории бештари Бонки ҷаҳонӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе, архивное фото
Вид на город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварро  бо ҷалби сармоягузорӣ идома диҳад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон бо ноиби Президент оид ба рушди инсони Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Аннет Диксон ва  директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна Вернер Грубер мулоқот намудаанд.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷудо кардани 12 миллион доллар барои беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, зимни вохурӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣаз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва  даъват барои вохуриҳои сатҳи баланд ҷиҳати баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

То соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 500 муассисаи тандурустӣ бунёд мешавад

Дар ҷараёни вохурӣ вазир аз дастгириҳои пайвастаи соҳа аз ҷониби Президент  Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда, қайд намудааст, ки маҳз дар партави таваҷҷуҳи  доимии Сарвари давлат  то соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 500 муассисаҳои тандурустӣ бунёд карда хоҳанд шуд.

"Мехоҳам зиёда аз 20 соли ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Бонки ҷаҳониро қайд намоям. Тавре ки шумо медонед, айни замон вазорат як лоиҳаи беҳтар кардани хизматрасонии тиббиро дар соҳаи тандурустӣ ва як лоиҳаро оид ба мустаҳкам кардани системаи амнияти иҷтимоӣ амалӣ карда истодааст".

Имрӯзҳо Лоиҳаи такмил додани хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро шуда истодааст.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ монеаҳои рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистонро эълон кард

Лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои ибтидоии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар минтақаҳои интихобшудаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар яке аз минтақаҳои ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Қисмати асосии лоиҳа барномаи озмоишии маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият дар сатҳи марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ мебошад, ки аз соли 2015 инҷониб амалӣ карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ бо кумаки Олмон Маркази миллии тиббии “Шифобах”-ро таъмир кардааст

"Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон 37 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ва марказҳои тибби оилавӣ барқарор карда шудаанд,-афзудааст Насим Олимзода.

Дар вохурӣ махсус қайд гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 9 давлати нав, ки дар Бунёди Глобалии маблағгузорӣ иштирок мекунанд, шомил гардид.

Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ: муҳоҷирон наҷотбахши иқтисоди Аврупо ва Осиё Марказӣ мебошанд

Насим Олимзода дар идомаи суханронии хеш иброз намудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии соҳа дар кишвар то соли 2030 ба таври пурра пешгирӣ намудани марги модару кӯдак, наврасон ва таъмин намудани ҳифзи саломатии ҳар кадоми онҳо мебошад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ изҳори хушнудӣ карданд

Манбаъ афзуда, ки дар охир вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварро  бо ҷалби сармоягузорӣ идома дода, инчунин, омодагии худро барои ҳамкории дарозмуддат изҳор намояд.

Бонки ҷаҳонӣ: афзоиши молиёт монеи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шудааст

Лентаи хабарҳо
0