18:45 25 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар муассисаҳои фарматсевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки 274 номгӯй ё 18 ҳазору 572 адад маводҳои доруворӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаро ба таври сӯзонидан несту нобуд карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ,  муҳлати истифодаи маводи мазкур, ки дар маҷмӯъ 2,1 тоннаро ташкил медиҳад, гузашта ва бе сертификати мутобиқат мебошанд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали соли равон аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 971 номгӯй маводҳои доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузаштаву бе сертификати мутобиқатро ба маблағи умумии 528 ҳазору 827 сомонӣ тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

“Солҳои охир масъулиятшиносии соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва масъулони муассисаҳои тандурустӣ баланд шудааст”, - таъкид намудааст Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ҷамъи умумии маводҳои несткардашуда 622 номгӯй тариқи аризаҳои муроҷиатии муассисаҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба сарраёсат барои нестунобудсозӣ супорида шудаанд.

Ҳамзамон, 260 номгӯй дар рафти санҷишҳои муассисаҳои фарматсевтию муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз муомилот гирифта шудаанд.            

Инчунин,  манбаъ илова кардааст, ки тайи 11 моҳи сипаригардида мутахассисони сарраёсат аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 155 парвандаи маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фарматсевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима таъин кардаанд.

Барчаспҳо:
соҳибкорон, нобудсозӣ, парванда, маблағ, ҷарима, санҷиш, савдо

Мавзӯъҳои асосӣ