07:54 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
608420

Ба муолиҷаи Бенямини 10 - сола аллакай профессорон ва докторони тоҷик шурӯъ намуда, ӯро дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба муолиҷаи Бенямин Илҳомови 10 - сола, ки аз бемории рӯда ранҷ мекашад, беҳтарин пизишкони тоҷик шурӯъ намуданд, хабар  медиҳад котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аснои ифтитоҳи МТМУ № 65 бо ин толибилм сӯҳбат кард ва азияти дардашро фаҳмид,ба Вазири тандурустӣ Насим Олимзода супориш дод, ки Беняминро ройгон муолиҷа намоянд ва аз натиҷаи табобат ба ӯ ҳисобот пешниҳод кунанд.

Зимнан, котиботи вазорати мазкур мегӯяд, имрӯз, 16 - уми январ бо супориши вазири беҳдошти Тоҷикистон Насим Олимзода дар Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" машварати табибон доир гардид.

Гиряи кӯдаки мариз назди президент: Раҳмон супориш дод ӯро бепул муолиҷа кунанд - навор

Барои муолиҷа намудани Бенямин, беҳтарин пизишкони тоҷик, аз ҷумла академик, сармутахассиси соҳавии вазорат  Мироҷов Ғ.Қ, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила Зоир Набиев,  Мудири Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдакона профессор Ибодов Ҳ ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ муваззаф карда шуданд.

Гуфта мешавад, Бенямини Илҳом баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки муолиҷаи Бенямини Илҳом таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода қарор дорад.

Барчаспҳо:
табобат, супориш, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ