11:40 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
930 0 0

Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ "коронавирус"-ро ҳолати фавқуллода эълом кард. Дар ин росто барои гирифтор нашудан ба ин "вабои аср" ин ниҳод тавсияҳоеро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пешгирии "коронавирус" аз қавли ТУТ тавсияҳо нашр кардааст.

Ҳамин тавр, пеш аз ҳама барои гирифтор нашудан ба "коронавирус" бояд дастонамонро безарар гардонем. Дар ҳолати ифлос будани дастон, бояд аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода намуд.

Давомнокии шустани дастон 20-30 сонияро ташкил менамояд.

  • Маҳлули безараргардониро дар кафи даст гирифта, тавре молиш диҳед, ки ба тамоми сатҳи он расад.
  • Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта молиш диҳед.
  • Бо кафи дасти рост сатҳи  болои панҷаи дасти чапро молиш дода  ҳамин амалро бо кафи дасти чап ва панҷаи дасти рост иҷро кунед.
  • Бо ангуштони ҳар ду даст миёни ангуштҳоро молиш диҳед.
  • Ангуштони як дастро дар ҳолати нимқад бо дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
  • Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
  • Бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқати дасти рост қафи дасти чапро молиш диҳед; Ҳамин амалро дар дасти дигар иҷро намоед.
  • Баъд аз хушк шудан, дастон безарар мегарданд!
  • Дастонро тоза шуед!
  • Дастонро бо сачоқи яккарата хушк намоед.
  • Бо сачоқ ҷумаки обро маҳкам кунед.
  • Акнун дастони шумо безарар гардиданд!

Дастони тоза ҳаётро наҷот медиҳад

Панҷ лаҳзаи безараргардонии дастон.

  • Пеш аз мулоқот бо бемор.
  • Пеш аз тартиби амалиёти асептикӣ.
  • Пас аз таомс бо моеъҳои биологӣ
  • Баъд аз мулоқот бо бемор.
  • Пас аз дидан намудани объектҳои муҳити атрофи бемор.

 

Барчаспҳо:
пешгирӣ, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ