02:37 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
645 0 0

Муассисаи вирусшиносии Вуҳани Чин эълом кард, ки таркиби вируси нави тоҷдор – коронавирус 96 дарсад ҳамонанди вируси кӯршабпарак аст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Жонг Нашин, масъули муассисаи вирусшиносӣ гуфт, ки маншаи коронавирус монанд ба вирусе аст, ки се соп пеш дар кӯршабпаракҳо пайдо шуд, хабар додаст Парстудей.

Вай афзудаст, монанди бемории SARS мумкин аст коронавирус аз тариқи ҳайвоноти ваҳшии дигар ба инсон интиқол ёфта бошад ва барои таъини ин масъала озмоишҳое идома доранд.

Ин вирус давраи наҳуфтаи нисбатан тӯлонӣ аз чанд рӯз то ду ҳафта дорад ва ҳамин боис шудааст, то замоне, ки алоиме чун табларза  ва тангии нафас дар мубталоён буруз накунад аз он огоҳӣ наёбанд ва зарурате барои рафтан ба бемористон набинанд.

Нишонаҳои мубтаолоӣ ба ин вирус дар инсон табларза, сулфа ва тангии нафас аст.

Бино ба омори феълӣ то ин замон дар саросари ҷаҳон 14,4 ҳазор кас мубталои вируси "тоҷдор" шудааст. Дар умум ин вирус ҷони 304 нафарро гирифтааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Чин феълан 80 ҳазор кас аз ташхис гузаронида мешавад ва 328 нафар аз ин вирус табобат ёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.

Мавзӯъҳои асосӣ