Русия барои ташхиси вируси "тоҷдор" ба Тоҷикистон таҷҳизот медиҳад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷҳизоти вижаро барои муайян кардани вируси "тоҷдор" , Русия дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви УрОсиё ва ИДМ медиҳад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Русия рӯзҳои наздик, барои муайян кардани вируси 2019 - nCoV ба Тоҷикистон таҷҳизоти вижа медиҳад, хабар медиҳад Роспотребнадзор.

Таҷҳизоти вижа барои муайян кардани вируси "тоҷдор" - ро, Русия дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви УрОсиё ва ИДМ таҳвил мекунад.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

"Таҳвили системаҳои озмоишӣ ба кишварҳои минтақаи УрОсиё дар доираи татбиқи тарҳи вижаи Роспотребнадзор бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии кишварҳои ҳамсоя дар муқовимат бо таҳдидҳои бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешавад",- омадааст дар хабарнома.

Таҷҳизоти озмоишӣ барои муайян кардани вируси "тоҷдор" аз ҷониби ширкати "Вектор" омода шудааст.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон аллакай таҷҳизотро гирифтанд.

Русия ҳамчунин ният дорад ба Қирғизистон низ таҷҳизот фиристад.

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.

Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.

Лентаи хабарҳо
0