08:40 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Тайи ду рӯзи охир наздики 200 нафар, ки ба далели ҷилавгирӣ аз хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон дар карантин қарор доштаанд, ба хонаҳояшон мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Рӯзи гузашта беш аз 80 нафар, ки дар бемористони Душанбе дар режими карантини коронавирус парасторӣ мешуданд, ба хонаҳои худ бозгаштанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои  манбаъ, имрӯз 118 нафари дигар низ бемористонро тарк хоҳанд кард.

“Беш аз 600 нафар, ки дар бемористон боқӣ мемонанд, то поёни муддати карантин бар бемористон хоҳанд буд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳое, ки мураххасӣ шуданд, дар манзили худ низ тайи чанд муддат зери назорати пизишкон қарор хоҳанд гирифт. Дар маҷмуъ наздики 900 шаҳрванд баъди бозгашт аз Чин дар бемористонҳо зери назорати пизишкон қарор доштаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии  мамлакат пурзӯр намуда, дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият дорад.

Барчаспҳо:
мураххас мешавад, беморӣ, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ