18:21 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
214 0 0

Донишҷӯёни бозгашта аз Вуҳани Чин, ки дар осоишгоҳи “Харангон” тӯли 15 рӯз дар карантин қарор доштанд, мрӯз мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз карнатин ҳамагӣ 63 нафар мураххас шуданд, ки миёни онҳо 46 нафар донишҷӯён ва 17 нафар кормандони ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда будаанд.

Ба иттилои манбаъ, Турахон Шарифзода, номзади илмҳои тиб, духтури сироятшинос, муовини Сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ  гуфтааст, тӯли ин муддат бо бистаришудагон ҳароратсанҷӣ, муоинаи тиббӣ гузаронида шуд: “Дар миёни онҳо ягон намуд аломатҳои бемории зукоммонанд ба қайд гирифта нашудааст. Баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан, онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”.

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, то 24 феврали соли равон 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1 феврал аз Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд.

“Аз ин шумора то ба санаи 26 феврал 955  нафар аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, ҳамзамон, айни ҳол 193 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд”,-афзудааст манбаъ.

Донишҷӯёни тоҷик қаблан аз шаҳри Вуҳани Чин бо дастури президент тариқи ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Бар пояи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то дирӯз, ҳамагӣ 80 ҳазору 239 нафар мубталои коронавирус шудааст, ки аз ин 77 ҳазор 780 нафар аз Чин аст.

Ба иттилои манбаъ, ба ғайр аз Чин шумори гирифторони коронавирус дар 33 кишвари ҷаҳон ба 2459 нафар мерасад.

Манбаъ мегӯяд, шумори фавтидагон аз ин вирус дар чин 2666 нафар ва дар дигар давлатҳо ба 34 нафар мерасад.

Барчаспҳо:
донишҷӯёни тоҷик, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ