01:29 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
479 0 0

Муҷтабо Зулнур, намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти милӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шурои исломӣ дуввумин намояндаи баландпояи Эрон гирифтори коронавирус шуд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Муҷтабо Зулнур дар як навори видеоӣ тасдиқ кардааст, ки гирифтори коронавирус шудааст.

Бино ба гузориши Sputnik Эрон Муҷтабо Зулнур, дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон изҳор доштааст, ки озмоиши коронавирус барояш мусбат шудааст ва ҷойи нигаронӣ надорад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар ҳоли карантин қарор дорад ва ба зудӣ кишвараш бар ин беморӣ ғолиб хоҳад омад.

Расонаҳои эронӣ имрӯз омори охиринро дар бораи қурбониёни коронавирус дар ин кишвар интишор карданд. Гуфта мешавад то кунун дар Эрон 22 ҳолати фавт ва 141 гирифтори коронавирус ба қад гирифта шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, коронавирус дар 20 музофоти Эрон ба қайд гирифта шудааст, ки бештари он дар Қум буда, ба 63 ҳолат мерасад.

Қаблан Эраҷ Ҳарирчӣ, муовини вазири беҳдошти Эрон низ дар як муроҷиати видеоияш аз мубтало шуданаш ба  коронавирус хабар дода буд. Номбурда дар муроҷиати худ ба шаҳрвандони ин кишвар гуфта буд, ки "сироят ёфтааст ва вазъи саломатияш мӯътадил аст"

Барчаспҳо:
беморӣ, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ