13:50 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Вазири беҳдошти Тоҷикистон Насим Олимзода ва сафири Туркия дар Тоҷикистон барои ба табобати босамар фаро гирифтани маризони диабети қанд як Маркази муосири тиббӣ ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ТИКА дар шаҳри Душанбе Маркази муосири диабети қандро ба истифода доданд.

Дар маросими кушодашавии маркази мазкур, ки рӯзи 26 - уми феврал иттифоқ афтода буд, Вазири беҳдошти кишвар Насим Олимзода ва сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рафъат Кёксал иштирок намуданд.

Маркази мазкур барои табобати маризони диабети қанд бунёд гардидааст.

Аз сактаи дил то саратон: ноиби вазир теъдоди фарбеҳон ва хатари вазни зиёдро гуфт

Ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, агар соли 2018 шумораи гирифторони диабети қанд дар кишвар 44 018 нафар буд, соли 2019 ин рақам то 46258 нафар афзун шуд.

Манбаъ меафзояд, 876 кӯдаки то 18 - сола низ дар Тоҷикистон  мубталои маризии диабети қанд мебошанд.

Гуфта мешавад, феълан  дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ"- и Вазорати тандурустӣ 77 410 шишачаи инсулин захира карда шудааст.

Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ