21:32 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
240101

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди он, ки чорабиниҳо алайҳи коронавирус дар кишвар таъсири манфӣ ба иқтисод доранд, бояд назорати қатъӣ дар ин самт роҳандозӣ шавад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тафсилоти суҳбати Эмомалӣ Раҳмон дар бораи коронавирус ва таъсири он ба иқтисодро, ки зимни ҷаласаи Ҳукумат баён шудааст, хабаргузории “Ховар” нашр намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат супориш дод, ки назорати гардиши мол дар сарҳад, рафту омади шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии паҳншавии ин бемориро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

“Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо ба иқтисодиёти мо таъсири манфӣ мерасонанд, аммо барои мо, тавре борҳо гуфтаам,  боигарии асосии давлат - саломатии аҳолии мост”, - изҳор доштаст Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки аҳолии кишвар бояд огоҳ  карда шаванд ва дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, нафасгирӣ ва нишонаҳои шабеҳ шаҳрвандон бояд ҳатман  ба мутахассисони тиб  муроҷиат кунанд.

“Тамоми муассисаҳои тиббии кишвар бояд барои пешгирӣ ва табобати коронавирус омода бошанд”, - таъкид кардааст раисиҷумҳур

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, назорат дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, дар ҳамаи 27 нуқтаҳои хурду калони гузаргоҳии сарҳадӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсоя пурзӯр карда шуда, аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологӣ дар ҳар кадоме аз онҳо онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.

Тамоми нафарони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда, на танҳо аз Чин, балки аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва аз 25 феврал — аз Афғонистон ва Ӯзбакистон низ дар фурудгоҳ ва дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ аз назорати санитарӣ мегузаранд, ҳарорати баданашон чен карда шуда, онҳо тӯли ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ қарор мегиранд аз рӯи ҷои истиқомат ба қайд гирифта мешаванд. Таҳкими назорат бо Ӯзбекистон дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёд аз Кореяи Ҷанубӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.

Барчаспҳо:
тандурустӣ, иқтисод, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ