08:27 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
129640

Профессор Саидбек Сатторов, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ниқобҳои тиббиро алайҳи коронавирус камсамар хонда, роҳи омодасозии ниқобҳои хуби худсохтро нишон дод

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Профессор Сатторов мегӯяд, ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Ин таъкид дар ҳолест, ки нархи ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон низ боло рафтааст.

"Онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он  метавонад бемамониат аз он гузарад. Ба харидории  ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест, зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад", - хабар додаст "Ховар" аз қавли Сатторов.

Ӯ таъкид намудаст, ки истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.

“Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоӣ – филтрро иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд менамояд.  Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад”,- гуфт профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам менамоянд. Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд. Бояд ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Барчаспҳо:
тандурустӣ, вируси нав, ҳифз, тиббӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ