16:49 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
697 0 0

Муҳаммад Мирмухаммадӣ, узви Шӯрои маслиҳат (мақомоти машваратӣ дар назди раҳбари олии Эрон)  дар пайи гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бино ба итилои пойгоҳи хабарии Форс,  Саид Муҳаммад Мирмухаммадӣ субҳи имрӯз дар яке аз беморхонаҳо шаҳри Теҳрон бар асари мубталои коронавирус гаштан, ҳалок шудааст.

Гуфта мешвад, қаблан модари ӯ  хоҳари Оятоллоҳ Мӯсо Шабири Занҷонӣ зодаи Қум низ аз коронавирус ҳалок шуда буд.  

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Мирмухаммадӣ 72 сол дошта, ду маротиба узви парлумони Эрон гаштааст, ва ахиран аз ҷониби Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, узви Шӯрои маслиҳат таъйин шуда буд.

Ҳамчунин қаблан Ҳади Хусравшоҳӣ, собиқ сафири Эрон дар Ватикан низ аз ин беморӣ фавтида буд.

 Бар пояи охирин иттилооти Вазорати беҳдошти Эрон, то ҳол дар Ҷумҳурии Исломӣ 54 нафар фавтидаанд ва омори гирифторони коронавирус ба 978 нафар мерасад.

Вазъи босуръат паҳн гаштани коронавирус дар Эрон ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.

Қаблан се мақоми баландпояи ин кишвар Эраҷ Ҳарирчӣ, муовини Вазири беҳдошти Эрон, Маъсума Ибтикор, ноиби президенти Эрон дар умури занон ва оила, Муҷтабо Зулнур, намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз гирифтор гаштанашон ба коронавирус хабар дода буданд.

Барчаспҳо:
фавт, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ