Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкВстреча Дмитрия Медведева с Леонидом Рошалем
Встреча Дмитрия Медведева с Леонидом Рошалем - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷарроҳи машҳури рус Леонид Рошал дархост намудаст, ки воҳимаандозони маризи коронавирус бояд муҷозоти шадид шаванд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Леонид Рошал, ҷарроҳи ҳирфаии рус мегӯяд, мардум набояд ба ҳангома бобати маризиии коронавирус дода шаванд, балки баръакс, орому осуда зиндагӣ кунанд.

"Ман алъон вазъияти баамаломадаро назорат мебарам. Ҳамин ҳоло мактуб дастрас кардам, ки гӯё дар Маскав теъдоди мубталоёни маризии коронавирус марзи ҳазорҳо нафарро убур кардааст ва шаҳрвандон бояд зуд маводи ғизоӣ ва доруворӣ барои захира кардан харидорӣ намоянд. Ин сару садоҳо асоси воқеият надоранд ва нафароне, ки мардумро дар изтироб меандозанд, бояд зудтар ҷазои сахт дода шаванд. Мардум бояд ором ва осуда зиндагӣ кунад", - изҳор намудаст Рошал.

Ба изҳори ин табиб, коронавирус аз зукоми оддӣ на онқадар даҳшаттар аст, чун бар асари зуком ҳам теъдоди зиёди одамон фавт мекунанд.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лағви сафари паҳлавонҳои тоҷик ба Гран Прии Марокаш ба далели коронавирус

Ӯ аз тамоми шаҳрвандон даъват намудаст, ки ба ҳангомаҳои беасос дода нашаванд ва миқдори зиёди доруҳои нолозимро низ харидорӣ накунанд.

Марги 66 нафар аз “коронавирус”: тими Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Теҳрон омад

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дод, ки мизони маргу мир бари асари маризии коронавирус ба 3,4 дарсад баробар аст.

Зимнан, мудири созмони мазкур Тедороса Гебреисус мизони фавт аз зукоми мавсимиро 1 дарсар арзёбӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0