Тавсия ва таҷрибаҳои рӯзноманигори тоҷик дар Эрон барои пешгирӣ аз коронавирус

© Sputnik / Anton Bystrov / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города
Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Исфандиёр Халилов, рӯзноманигори тоҷик, ки дар шаҳри Машҳади Эрон фаъолият дорад, дар бораи сарусадоҳои ахир оид ба коронавирус дар Тоҷикистон чанд тавсияҳое барои ҳамватонон додааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Номбурда дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, бо таваҷҷуҳ ба воҳимае ки ба хотири коронавирус дар Тоҷикистон ба роҳ афтодааст, ба ҳайси як нафаре ки дар миёнаи ин воҳимаҳо дар шаҳри Машҳади Эрон қарор дорам, мехоҳам аз таҷрибаҳо ва тавсияҳои мавҷуд дар Эрон ба шумо бигуям то шояд ба дарди шуморе аз ҳамватанон бихурад.

Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Чаро коронавирус ба кӯдакон раҳм мекунад?

Ба навиштаи ӯ аз рӯи эъломи масъулони Машҳад, дар ин шаҳр низ монанди чанд шаҳри дигар вазъият "сурх" (қирмиз) унвон шудааст. Вале на ба андозаи Гелону Теҳрону Қум ва баъзе шаҳрҳои дигар. Аммо корҳои давлатӣ ҳанӯз таътил нашудааст, фақат дар идораҳо шаҳрвандон бо риояти нукоти беҳдоштӣ кор карда истодаанд. Барои мисол, ҳангоми вуруд дар дами даромади идораҳо қуттиҳои маҳлул ё мойеи зиддиуфунӣ бо махлути маводи спиртӣ гузошта шудааст ки ҳар ки сари кор ояд, дасташро шуста медарояд.

"Дар баъзе ҷойҳо дами даромад барои мушаххас кардани вирус тест гирифта мешавад. Сипас дар утоқҳои корӣ низ мизу курсиҳо ва системаи компютерӣ бо афзорҳояшро бо маводи спиртӣ шуста, сипас машғул ба кор мешаванд. Вақти рафтан аз сари кор боз ҳам дастҳоро дар дами дар шустушӯ карда, хориҷ мешавем. Сипас замони ба хона расидан низ агар имкон бошад либосҳоро дар дами дар, зери либосовез меовезем ва ба дохили хона ва ҷои хобу болои дивану сандалиҳо намебарем. Сипас ба дастшӯ рафта, дастҳоро бо мойеъи дастшӯӣ ё собун тоза мешуем, руйҳоро бо оби гарм мешуем ва он вақт дар хона ҳузури комил пайдо мекунем",-афзудааст рӯзноманигори тоҷик.

Номбурда мегӯяд, дастдиҳӣ ё бағал кардан бо аҳли хонавода то замони тамизкорӣ ва шустушӯ мамнуъ аст. Либосҳоро низ зуд -зуд шустушӯ диҳед беҳтар аст ва ҳамзамон бо оби гарм ҳаммом кунед. То он ҷое ки гуфта шудааст, ин вирус дар гармии болои 30 дараҷа тоқат надорад. Аммо имрӯзҳо дар Машҳад ҳаво сардтар ва боронӣ аст, барои ҳамин аз эҳтиёт кор мегирем. Маска ё моск кам аст, дар дорухонаҳо тақрибан пайдо намешад, спирт ҳам ҳамин тавр.

Встреча, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Салом бо пой ва оринҷи даст: коронавирус тарзи дурусти салом карданро иваз намуд - видео

Рӯзноманигори тоҷик ҳашт нуктаи муҳимро дар бораи коронавирус ва пешгирии он овардааст, ки мавриди таъйиди Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ низ будааст:

1 Короновирус аз пусти солим намегузарад ва танҳо даҳ дақиқа рӯи пӯст зинда мемонад. Агар дасткаш надошта бошед ҳам нигарон набошед, фақат бояд дастатонро ба руву биниву даҳон ба ҳеч ваҷҳ назанед!

2 Ин вирус дар рӯи порчаву либос то 12 соат боқӣ мемонад ва сипас мемирад, дар болои оҳан то 20 соат ва навъҳои дигари филизе монанди стал ё фулод то 20 руз гуфта мешавад.

3 Дар ҳарорати 30 дараҷа болои сифр мемирад, ба ҳамин хотир шустушуҳо бо оби гарм бошад беҳтар аст.

4 Ба ҳеч ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахуред ва қаҳва, дамнушҳои мизоҷаш гарм, чойи гарм ва ғизои гарм майл кунед. Зеро ин гармиҳо боис мешавад ки бадани шумо дар муқобили ин вирус муқовим шавад ва чун вирус сардидустдор аст, дар гармӣ тоб намеорад.

5 Ин вирус вазни қобили таваҷуҳе дошта, имкони интиқолаш аз ҳаво кам аст, танҳо роҳи нуфузаш аз тариқи бинӣ, даҳон ва чашм аст, ки дар сурати ламс кардани ин узвҳо бо даст мегузарад. Барои ҳамин зиёд нигарони аз ҳаво гузаштани он набошед, фақат 1,5 метр дуртар аз ҳамдигар ҳангоми атсаву сурфа қарор гиред ва даст надиҳед ё умуман аз ламси узвҳо худдорӣ кунед. Ҷои ҷамъшавии аслиаш ҳам бинӣ аст, ба ҳамин хотир биниро ҳар замони мумкин бо оби гарм шустушӯ диҳед. Сақич ё живачка хоидан ҳам барои саломати даҳон тавсия мешавад.

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Эрон аз беҳбуд ёфтани ҳолати саломатии 552 нафар аз мубталоён ба коронавирус хабар дод

6 Аз омилҳои олояндаи вирус монанди корти бонкӣ, маҳсулоти хурокие ки руяш боз аст ва ба дасти чанд нафар мерасад, нонҳои руяш боз, дастаҳои дохили автобусу ҷойҳои таҷаммуи одамон, лифтҳо ва тугмаҳои банкомату лифт ва амсоли инҳо эҳтиёт шавед ва агар даст ҳам расондед, зуд дастатонро шуед ва ба руву сар назанед. Кафшҳоро ба хона надароред, ки ин вирус сангин аст ва ба замин меафтад ва кафшҳо омили олоянда маҳсуб мешаванд.

7 Либосҳои болоро, ки шустанашон сахт аст, дар самти нури мустақими хуршед агар буд, қарор диҳед, аз вирус пок мешавад.

8 Муроқиби кудакони зери 5 сол ва солмандон, ҳамчунин шахсоне ки беморанд ё системаи эминии баданашон заиф аст, бошем ва беҳтар аст онҳоро дар хонаи гарм нигоҳ дорем ва аз берун рафтан ва эҳтимоли олудагӣ дар амон нигаҳ дорем.

Исфандиёр Халилов аз таҷрибааш мегӯяд, барои эҳтиёт ва камчин шудани моску спирту маводи шуянда, ба миқдори ниёз дар хона дошта бошед то дар замони зарурат истифода кунед. Аммо инсофро риоят кунед ва ба дигарон ҳам боқӣ гузоред то ҳама дастрасӣ ба маводи беҳдоштиро дошта бошанд.

В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: коронавирус сартосари Эронро фаро гирифт

Дар Машҳад ҳоло чанд дорухонае ки як ҳафтаи ахир гаштам, спирт (алкул) ва моск пайдо намешавад. Шояд бошад, аммо надорем мегуянд. Маводи шуянда низ кам ва гарон шудааст. То ҳадди тавон аз эҳтиёт кор мегирем, аммо Худо худаш нигаҳбон бошад. Зеро бемористонҳое ки дар ҳудуди шаҳр ҳастанд барои қабули ин навъи беморӣ, хеле маҳдуданд ва барои мо хориҷиҳо сахт аст муроҷиат ба он ҷойҳо.

Имкони сафар ба Тоҷикистон вуҷуд надорад, зеро парвозҳо мамнуъ ва қатъ шудаанд, танҳо ягона шанс ин аст ки дар сурати вахимтар шудани вазъ давлати мо шаҳрвандони худро бо ҳавопаймо баргардонад. Аммо бо вуҷуди сардиҳо ва эъломи авҷ гирифтани ин вирус дар ҳафтаи оянда, боз ҳам шумори дармоншудаҳо рӯ ба афзоиш аст ва умед аст ки решааш канда шавад.

Муроқиби худатон бошед, нукоти беҳдоштиро риоят кунед, вале натарсед. Ҳарчанд дармони қотеъ барои ин беморӣ вуҷуд надорад, аммо риояти нукоти беҳдоштӣ ва тақвияти системаи эминии бадан кумак мекунад то гирифтори ин вирус нашавем.

Муҳим ба ҳамдигар кумак кунем то шароити беҳдошти фардӣ ва умумӣ дар кишвар бад нашавад ва ҳама тавонанд аз маводи лозими беҳдоштӣ баҳравар шаванд. 

Лентаи хабарҳо
0