15:37 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
869601

Маризии сироятии коронавирус акнун як аломати нав касб кард. Дар бадани нафари мубталогардида доначаҳои хурд мебароянд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пизишкони Сингапур аломати нави маризии коронавирусро ошкор намуданд. Ба таҳқиқи онҳо ин маризӣ дар аксар беморон ба гунаи наве зоҳир мешавад.

Натоиҷи таҳқиқи пизишконро маҷалаи Lancet муниташир намудаст.

Ба изҳори табибон, аксари бемороне, ки ба гумони гирифторӣ ба маризии коронавирус ба онҳо муроҷиат мекарданд, дар марҳилаи нахуст дар онҳо аломатҳои барои коронавирус бегона мушоҳида мешуд.

"Муроҷиаткунандаҳо на сулфаву дарди гулӯ, балки аз таб ва доначаҳои зиёд, ки бадани онҳоро пур кардааст, шикоят мекарданд", - мегӯянд пизишкон.

Коронавирус: мусобиқаҳои IJF то моҳи май лағв шуданд

Чун ин аломатҳо ба маризии коронавирус шабоҳат надоштанд, муайян шуд, ки онҳо мублатои маризии "табларзаи Денге" мебошанд.

Вале чун давои ин дард ба онҳо фоида накард ва бараъкс ба тангшавии нафаскашӣ овард, пизишкон онҳоро аз ташхиси дигарбораи коронавирус гузаронданд.

Муайян шуд, ки беморон мубталои маризии сироятии коронавирус ҳастанд ва баромадани доначаҳо дар бадан як аломати нави ин беморӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар шаҳри Вуҳани Чин аз авохири моҳи декабри соли 2019 сар зад.

Феълан, бар тибқи маълумоти охир дар Чин 80754 нафар дардманди ин беморӣ мебошанд.

Зимнан, 3136 нафар ҷон бохтанд ва ҷони 60 ҳазор бемор наҷот дода шуд.

Барчаспҳо:
нишона, маризӣ

Мавзӯъҳои асосӣ