Ба Осиёи Марказӣ расид: нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Қазоқистон

© AP / Kim Sun-ungМедицинские работники в защитных костюмах
Медицинские работники в защитных костюмах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин ҳолати гирифтории бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин ҳолати гирифтории коронавирусро пайдо кардаанд, хабар медиҳад, Вазорати тандурустии ин кишвар.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Ба иттилои манбаъ, ду шаҳрванди Қазоқистон гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз Германия вориди ин кишвар шудаанд.

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, натиҷаи санҷиши ду сокини кишвараш, ки аз Германия омадаанд  мусбат баромадааст.

Ба иттилои манбаъ онҳоро дар озмоишгоҳе дар Алма-Ато санҷидаанд.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир ҳаммаи тадбирҳо барои ҷудогона нигоҳдории онҳо андешида шуда, вазъи саломатии беморон дар ҳоли ҳозир мӯътадил аст.

Ин нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Қаблан Жандарбек Бекшин сардухтури беморхонаи сироятӣ дар Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ аз эҳтимолияти расидани маризии коронавирус ба Қазоқистон дар ҳафтаи равон хабар дода буд.

Бекшин дар ҷамъи хабарнигорон санаи зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистонро эълом кард. Ба иттилои ӯ, тахминан аз 11 то 16 - уми март,  маризии коронавирус ба Қазоқистон мерасад.

Сардухтури қазоқ таъкид намудаст, ки дар сурати пайдо шудани нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин маризӣ, вазорат зуд аз пайи пиёда намудани чораҳои махсус хоҳад шуд.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Зимнан, Бекшин изҳор доштаст, ки санаи эъломшуда, пешгӯиҳои математикии олимон аст ва шояд тасдиқ нагарданд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Қаблан СҶБ эҳтимол карда буд, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад.

Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта,  бемориеро дар назар доранд, ки он  хусусияти оммавӣ дошта,  қисми зиёди аҳолиро гирифтор  месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ  чун пандемия эътироф гардида буданд.
Ба қавли Гебрейесус, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои  зиёд мегардад.

Коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0