21:37 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
888502

Дар Ӯзбекисон шумори гирифторони коронавирус ба шаш нафар расид. Ду ҳолати ахир аз шавҳар ба ҳамсар ва набера гузаштааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дода, гуфтааст, шумори умумии гирифторони коронавирус дар кишвар то ҳол ба шаш нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, ду ҳолати ахир дар тани ҳамсар ва набераи нафаре, ки аз Фаронса омадау тесташ мусбат шуд, пайдо гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, коронавирус қаблан аз ин нафар ба писар ва духтараш сироят карда буд, ки рӯзи якшанбе аз Фаронса ба Тошканд расида буд.

“Рӯзи 15 март соати 6:00 дар бадани шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, коронавирус COVID-19 ошкор шуд”,  - омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.

Як ҳолати дигари мубталои ин беморӣ рӯзи гузашта, аз мусофири ҳавопаймои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" хатсайри Истанбул-Тошканд пайдо шуд. Ба иттилои манбаъ, баъди ташхис муаян шудааст, ки ӯ низ гирифтори коронавирус гаштааст.

Дар пайи ин ҳолат, сардухтури санитарии Ӯзбекистон Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, сар аз имрӯз дар ин кишвар маркази хизматрасонии ягона (call-центр) таҳти рақами 1003 ташкил шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд оид бамасоили марбут ба коронавирус  муроҷиат кунанд.

Мақомоти Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар муассисаҳои таълимияш карантини сартосарӣ эълон кард.

Ин дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд. Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон аллакай нуҳ ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.

Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Рӯзи гузашта хабар дода шуда буд, ки  дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Барчаспҳо:
беморӣ, вирус, Узбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ