12:59 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
4127 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар мулоқот бо олимон аз фаъолияти Академияи илмҳои тиб эрод гирифта, дастур додааст онро банданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси фаъолияти Академияи илмҳои тиб гуфт, дар муддати фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ин муассиса як зумра усулҳои нави табобатро ҷорӣ кардааст, вале натавонист фаъолияти худро ҳамчун маркази илмӣ дуруст ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми тиб ноил гардад.

Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон соли 2009 таъсиси ёфта, ки ҳадафа ворид кардани навгониҳо ба тибби тоҷик буд. 

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат супориш додааст, ки дар  якҷоягӣ бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб дар муддати се моҳ пешниҳод намояд.

Президенти кишвар бо нигаронӣ аз олимони соҳаи тиб гуфт, дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии мамлакат истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки табиати Тоҷикистони мо аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то имрӯз танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд.

Раҳмон ба табибон: кӯдаконро сари вақт муолиҷа кунед

Ӯ гуфтааст, олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои замони муосир истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд.

Ба гуфти Президенти ҷумҳурӣ, дар давлати мо дар асоси ашёи хоми ватанӣ имкони коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни тиббӣ вуҷуд дорад. Аммо ин имконият барои табобат ва сохтани техникаву таҷҳизоти соҳа кам истифода мешавад ва олимони мамлакат бояд дар ин ҷода низ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Барчаспҳо:
истеҳсоли доруворӣ, Академияи илмҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ