02:50 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1739 0 0

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дастур додааст, ки табибони Чинро ба ҷумҳурӣ даъват кунанд, то аз онҳо дар бораи боздории роҳҳои паҳншавии коронавирус дар кишвар тавсияҳо бигиранд

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Дар ин бора намояндаи ситоди фаврии назди Ҳукумат ба РИА Новости хабар додааст.

Мирзиёев дастур додааст, ки сафари табибон бо хатсайри махсус ташкил карда шуда, барои онҳо тамоми шароити машваратӣ ва кӯмак дар ташкили чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҷумҳурӣ муҳайё карда шавад.

Гуфта мешавад, сафари табибони Чин ба Ӯзбекистон дар наздиктарин фурсат ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон дар ҳама чораҳои зидди коронавирус ба таҷрибаи Чин такя мекунад.

Аз ситод гуфтаанд, ҳоло қариб 2,3 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд ва захираи доруворӣ, асбобҳои ташхисӣ, инчунин мавҷудияти кормандони тиббӣ имкон медиҳад барои ҳазор нафар мубталоёни коронавирус дар як вақт кӯмаки зарурӣ расонанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон нахустин ҳолати мубталои коронавирус 15 март аз як мусофир, ки аз Фаронса  бармегашт дарёфт шуд.

Тибқи оморҳои ахир гирифторони ин беморӣ дар Ӯзбескистон рӯ ба афзоиш дошта, ба 33 нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, мақомоти Ӯзбекистон сар аз 16 март то 30 апрел тасмим гирифтанд, ки робитаҳои заминиву ҳавоиро бо дигар кишварҳо бинобар хатари паҳншавии коронавирус қатъ кунанд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 245 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 10 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 88,4 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,3 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Барчаспҳо:
табибон, Чин, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ