Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкУсиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом
Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи мубталоён ба коронавирус ба 91 ва дар фазои ИДМ ба 700 нафар расид

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. То субҳи 21 март шумораи дардмандони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 91 ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 700 нафар расид.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар медиҳад.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон сиҳат мешаванд

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки шомили ИДМ ҳастанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 52, 33 ва 6 нафарро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 21 март, дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия 253 ҳолат, дар Арманистон – 136, дар Беларус – 69, дар Молдова – 66, дар Озарбойҷон – 44 ва дар Украина – 41 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар фазои Иттиҳод 700 нафарро ташкил медиҳад.

Авҷи коронавирус дар кишварҳои ИДМ: шумори мубталоёни ин вирус ба 263 нафар расид

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 276 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 11,4 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 91,9 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,9 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ҳамоно дар афзоиш аст.

Вирус то Осиёи марказӣ низ расид.

Лентаи хабарҳо
0