21:18 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2759 0 0

Ҳабдаҳ шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути хатсайрҳои Истамбул – Тошканд ва Шарҷа-Тошканд аз Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омада буданд, ба карантин фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Шахсияти 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки 14-15 март тавассути хатсайрҳои Истамбул – Тошканд ва Шарҷа-Тошканд аз Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омада буданд, муайян гардида, барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд.

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

Дар ин бора  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахсияти шаҳрвандонро, ки 14-15 март тавассути хатсайри №274 Истамбул – Тошканд (16 нафар) ва 14 март тавассути хатсайри № НУ 332 Шарҷа-Тошканд (1 нафар) ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон фуруд омада, баъдан тавассути гузаргоҳи сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян намуда, онҳоро барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои ҳудуди вилояти Суғд ҷойгир кард", — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мешавем, ки шумораи дардмандони маризии сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 37 нафар расид.

Нахустин мубталоёни коровирус дар Ӯзбекистон сиҳат мешаванд

Ёдрас мешавем, ки дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Ӯзбекистон, парвозҳо самти дигар кишварҳо мутаваққиф шуд ва ин маҳдудиятҳо то 30 - юми апрели соли равон идома хоҳанд кард.

Ҳукумати Ӯзбекистон маҳдудияти парвозҳоро аз 16 - уми март ҷорӣ кард ва акнун барои вуруди ӯзбекистониҳо аз дигар кишварҳо парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, вурудшавандаҳо ба муддати ду ҳафта ҳатман ба карантин фаро гирифта мешаванд. Феълан дар марказҳои махсуси нигаҳдорӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд.

Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ