16:01 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.21
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
32001

Парвозҳо бо қарори Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва ҳамчунин дастури ҳукумати Русия аз нимаи шаби 23 март маҳдуд карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Русия алоқаи ҳавоияшро бинобар сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус бо тамоми кишварҳои дунё қатъ кард.

Парвозҳо бо қарори Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва ҳамчунин дастури ҳукумати Русия аз нимаи шаби 23 март маҳдуд карда шудаанд.
"Аз соати 00: 00-и вақти Москва, 23 марти соли 2020, маҳдудияти муваққатӣ барои парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз қаламрави Русия ба қаламрави давлатҳои хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ.

Ҳамазамон рӯйхати пойтахтҳои давлатҳое нашр шудааст, ки парвозҳо ба истисно аз Маскав ба он ҷой ва аз он ҷой танҳо ба Москва сурат хоҳад гирифт.

Ғайр аз ин, парвозҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Русия аз кишварҳои дигар анҷом дода мешаванд.

Аммо, дар иттилоияи Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ зикр нашудааст, ки ин маҳдудсозии парвозҳо то кай идома хоҳад ёфт.

Бино ба додаҳои ситоди зудамали Русия дар давоми шабонарӯзи охир дар кишвар 61 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии он ба 367 нафар мерасад.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия ба 367 кас расид

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, қатъи парвоз, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ