16:55 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1822 0 0

Теъдоди гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то субҳи 23 март ба 120 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 1060 нафар расид

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 60, 46 ва 14 нафарро ташкил медиҳад, хабар дод "Ховар" дар истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар Русия 438 ҳолат, дар Арманистон – 194, дар Молдова – 94, дар Беларус – 76, дар Украина – 73 ва дар Озарбойҷон – 65 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Русия 18 нафар, дар Беларус — 15, дар Озарбойҷон – 11, дар Арманистон – 2, дар Молдова ва Украина 1-нафарӣ шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шудаст.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистон низ шумораи гирифторони коронавирус ба 40 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 339 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 14,7 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 99 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 10,5 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 ҳазору 93 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 59 138 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он ба 5 476 нафар расид.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 34 758 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 28 768, Олмон — 24 873, Эрон — 21 638, Франсия — 16 018, Кореяи Ҷанубӣ — 8 961, Швейтсария — 7 474 ва Британияи Кабир — 5 683 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Хуруҷи коронавируси нави COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри марказии сераҳолии Чин – Вуҳани 12-миллиона ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 11 март СУТ онро пандемия эълон кард.

Барчаспҳо:
тандурустӣ, вируси нав, Русия, афзоиш, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ