13:00 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
403 0 0

Бонки марказии Ӯзбекистон мегӯяд, безараргардонӣ дар як ҳафта 1-2 маротиба дар нуқтаҳои  пулнигоҳдорӣ ва кассаҳои Департаменти ҳудудии Саридораи марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, пули нақд метавонад яке аз роҳҳои паҳн гардидани вируси хатарнок бошад.

Гуфта мешавад, давомнокии умри вируси сироятӣ дар пулҳои коғазӣ аз 3 то 4 рӯзро ташкил медиҳад.

Бонки марказии Ӯзбекистон гуфтааст, дар ин робита ин, муассисаҳои минтақавии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар кассаҳои хазинавӣ ва нуқтаҳои ҳисоббаробаркуни дастгоҳи марказии ҳудудии Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар як ҳафта 1-2 маротиба безараргардонӣ мешавад

Ҳамчунин ба ҳамаи ташкилотҳои бонкӣ тавсия дода мешавад, пули нақдеро, ки дар кассаҳои бонк гирифта шудаанд, дар анбори алоҳида (дар биноҳо ё рахҳо) на камтар аз як ҳафта нигоҳ доранд ва ҳангоми додани пули нақд ба мизоҷон, ба санаи дар болои  бастаи пул гузошташуда диққат диҳед.

Гуфта мешавад, агар дар давраи нигоҳдории пулҳо дар карантин ба маблағҳои иловагӣ зарурат бошад,аз ҷониби Раёсатҳои минтақавии Бонки марказӣ пули нақд дастрас карда мешавад.

Ин ниҳоди молии Ӯзбекистон ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи карантин тавсия дода, ки  пардохтҳои нақдиро маҳдуд карда, аз пардохтҳои ғайринақдӣ истифода бурда, пас аз истифода кортҳои бонкиро безарар кунанд (бо спирти тиббӣ ё дигар доруҳои антисептикӣ).

Гуфта мешавад, ҳангоми анҷом додани пардохт аз хизматрасониҳои онлайнӣ (Интернет-банкинг, замимаҳои мобилӣ) истифода баред.

Ёдовар мешавем сар аз имрӯз, дар Ӯзбекистон гаштугузор дар кӯчаҳо бидуни ниқоб манъ шудааст. Шумори умумии гирифторони коронавирус бошад, ба омори ахир 55 нафарро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
пул, Бонки марказии Узбакистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ