23:43 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
268 0 0

Тайи як шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия боз 182 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар дод ситоди фаврии мубориза бо COVID-19

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Бо сабти 182 ҳолати нав гирифторони коронавирус дар Русия ба 840 нафар расид, ки аз ин 546 нафарашон дар шаҳри Маскав қарор доранд, хабар дод ситоди фаврӣ.

Ба иттилои манбаъ, тайи як шабонарӯзи гузашта 136 ҳолати нав дар Маскав, 7 дар вилояти Свердлов, 5 нафарӣ дар Санкт-Петербургу вилояти Перм, 4 ҳолат дар Ёқутистон, се ҳолатӣ дар минтақаҳои Ставропол ва Красноярск, Тотористон ва вилояти Челябинскт, ду ҳолатӣ дар вилояти Псков ва Самара, Ханти-Мансийск ва Бурятия, як ҳолатӣ дар вилоятҳои Кемеров, Томск,  Новосибирск ва Хабаровск сабт шудаст.

Ҳамаи сироятёфтагони нав тайи ду ҳафтаи охир дар кишварҳои хориҷие, ки коронавирус дар онҳо паҳн шудааст, қарор доштаанд.

Аз шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия, ки 840 ҳолат мебошад, 38 нафар сиҳат шуда, ду нафар фавтидаанд. Ҳудуди 139 ҳазор нафар таҳти назорати табибон қарор доранд.

Қаблан Ҳукумати Русия ба мақомоти ҳавонавардии кишвар дастур дод, ки аз 27 март парвозҳо ба кишварҳои хориҷиро қатъ кунад. Истисно танҳо парвозҳои чартерие мебошанд, ки барои овардани шаҳрвандони Русия аз хориҷ анҷом дода мешаванд.

Инчунин дар Русия аз 28 март то 5 апрел ҳафтаи истроҳат эълон гардид, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус арзёбӣ мешавад.

То ҳол тибқи иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс гирифторони COVID-19 ба 472 ҳазор нафар расида,  21 ҳазору 308 нафар фавтидаанд ва  114 ҳазори дигар сиҳат ёфтаанд. Теъдоди аз ҳама зиёди фавтидагон дар Итолиё ва сипас дар Испания, Чин, Эрон, Фаронса ва Британияи Кабир сабт шудааст.

Барчаспҳо:
қайд, вируси нав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ