Пешгӯии Путин: кай Русия бар коронавирус дастболо мешавад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия метавонад, дар муҳлати камтар аз се моҳ бар коронавирус пирӯз шавад, изҳори умед кард раисиҷумҳур Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони бахши соҳибкории кишвар, аз дурнамо, ки Русия баъди ду – се моҳ бар коронавирус пирӯз мешавад, истиқбол кард.

Встреча Рахмона с детьми из интернатов Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Насиҳати падаронаи Раҳмон ба духтарони ятими Хуҷанд: шитоби шавҳар карданро накунед

"Ин ҷо ҳамкорон гуфтанд, ки тайи ду-се моҳ бар коронавирус пирӯз мегардем. Ин дурнамои бад нест, зеро дар баъзе кишварҳо мегӯянд, ки мубориза бо коронавирус  хеле тӯлонӣ хоҳад буд. Аммо кай мо аз ин ҳолат берун мешавем, умедворам дар муҳлати камтар аз ин ки шумо гуфтед", - хабар дод РИА Новости аз қавли Путин.

Ба гуфтаи Путин, вазъи марбути COVID-19 дар Русия бе шак беҳбуд хоҳад ёфт, гап танҳо сари муҳлат ва самаранокии кори муштарак аст. Ӯ муътақид аст, ҳар қадаре чораҳо самараноку пурзӯртар бошанд, ҳамон қадар зудтар коронавирус аз Русия решакан хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки тайи як шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия боз 182 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуд. 

Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон
Самарқанд чорумин шаҳри Ӯзбекистон фардо карантин мешавад

Бо сабти 182 ҳолати нав гирифторони коронавирус дар Русия ба 840 нафар расид, ки аз ин 546 нафарашон дар шаҳри Маскав қарор доранд, хабар дод ситоди фаврӣ.

Ба иттилои манбаъ, тайи як шабонарӯзи гузашта 136 ҳолати нав дар Маскав, 7 дар вилояти Свердлов, 5 нафарӣ дар Санкт-Петербургу вилояти Перм, 4 ҳолат дар Ёқутистон, се ҳолатӣ дар минтақаҳои Ставропол ва Красноярск, Тотористон ва вилояти Челябинскт, ду ҳолатӣ дар вилояти Псков ва Самара, Ханти-Мансийск ва Бурятия як ҳолатӣ вилоятҳои Кемеров,  Томск,  Новосибирск ва Хабаровск сабт шудаст.

Ҳамаи сироятёфтагони нав тайи ду ҳафтаи охир дар кишварҳои хориҷие, ки коронавирус  дар онҳо паҳн шудааст, қарор доштаанд.

Певец Лев Лещенко - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволаш вазнин аст: Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шуд

Аз шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия, ки 840 ҳолат мебошад, 38 нафар сиҳат шуда, ду нафар фавт карданд. Ҳудуди 139 ҳазор нафар таҳти назорати табибон қарор доранд.

Қаблан Ҳукумати Русия ба мақомоти ҳавонавардии кишвар дастур дод, ки аз 27 март парвозҳо ба кишварҳои хориҷиро қатъ кунад. Истисно танҳо парвозҳои чартерие мебошанд, ки барои овардани шаҳрвандони Русия аз хориҷ анҷом дода мешаванд.

Инчунин дар Русия аз 28 март то 5 апрел ҳафтаи истроҳат эълон гардид, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус арзёбӣ мешавад.

То ҳол тибқи иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс гирифторони COVID-19 ба 472 ҳазор нафар расида,  21 ҳазору 308 нафар фавтидаанд ва  114 ҳазори дигар сиҳат ёфтаанд. Теъдоди аз ҳама зиёди фавтидагон дар Итолиё ва сипас дар Испания, Чин, Эрон, Фаронса ва Британияи Кабир сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0