07:19 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
677 0 0

Нахустин ҳолати фавт дар пайи гирифторӣ ба коронавирус миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, дар Қазоқистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Дар шаҳри Нурсултони Қазоқситон нахустин ҳолати фавти шахси мубталои коронавирус рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, ки фавтида зани 64-сола будааст.

Дар ин бора Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки шаҳрванди аз коронавирус фавтида зани 64-сола буд.

"Марги зани 64-солаи аз коронавирус, дар бораи хатари худи коронавирус ва аҳамияти муҳими риояи карантин мегӯяд. Ба пайвандону хешовандони фавтида изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст ӯ дар Твиттераш.

Тоқаев ҳамчунин гуфтааст, барои мубориза бо пешгирии сирояти коронавирус рӯзи панҷшанбе тасмим гирифта шуд, ки дар пойтахт ва Алмаато чораҳои карантинӣ пурзӯр ва дар Чимкент маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Дар ин бора ҳамчунин Вазири иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон  Даврон Абаев хабар дода, гуфтааст: "Имрӯз як шаҳрванди Қазоқистон аз коронавирус фавтид. Мо ба хонавода ва пайвандону наздиконаш тасаллият изҳор мекунем, ки ин талафоти ҷуброннопазир аст".

Мураххас мешаванд: ду маризи коронавирус дар Қазоқистон комилан шифо ёфтанд

Вай қайд кард, ки ин фавт бори дигар аз хатари коронавирус ҳушдор дод ва ҳоло ин ҳама барои мо як имтиҳон аст. Зарур аст, ки ҳама талабот ва дастуроти мақомот дар бораи худҷудоӣ риоя карда шаванд.

Қазоқистон аз нахустин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аввалин ҳолати мубталои коронавирус дар он сабт гардида, тибқи оморҳои ахир шумори он ба 112 нафар мерасад

Сар аз 16 март дар ин кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуда, шаҳрҳои Нурсултон ва Алмаато аз 19 март дар карантин қарор доран.

Барчаспҳо:
фавт, вирус, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ