Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз ним миллион гузашт: ИМА дар ҷойи аввал

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПробирка с тестом на коронавирус в руках
Пробирка с тестом на коронавирус в руках  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар пояи оморҳои ахир, ки шаби гузашта нашр шуд шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон марзи ним миллионро убур кард

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Бар пояи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар асоси додаҳои кишварҳои гуногун, ки шаби гузашта нашр шуд, теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 531 ҳазор нафар расидааст.

Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV - Sputnik Тоҷикистон
Дар кадом давлатҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус ба оморҳои субҳи имрӯз ба 24053 нафар нафар расид. Танҳо давоми як шабонарӯз 712 нафар аз ин беморӣ даргузаштааст, ки бештари он дар Италия мебошанд.

Гуфта мешавад 85,5 ҳазори ин дар Амрико будааст, ки бар асоси ин омор теъдоди мубталоёни коронавирус дар ин кишвар аз Чин гузашт. Аммо президенти Амрико ин арқомро қабул надорад ва гуфтааст, шумори воқеии гирифторони коронавирус дар Чин дақиқ нишон дода нашудааст.

Шумори мубталоёни коронавирус дар Чин ба 81,7 ҳазор ва Италия бошад бо  80,5 ҳазор дар ҷойи сеюм ба қайд гирифта шудааст.

Аз шумори умумии мубталоёни коронавирус то ҳол беш 120,9 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард ва он имрӯз бештари кишварҳои сайёраро фаро гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0