10:11 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
548 0 0

Дар Маскав дар як шабонарӯз 157 кас, дар Крим 12 ва дар вилояти Маскав 8 кас мубталои коронавирус шуданд. Шумораи умумии мубталоён дар Русия ба 1036 кас расид

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Русия дар як шабонарӯз 196 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Маскав 157 кас дар Крим 12 ва дар вилояти Маскав 8 кас мубталои коронавирус шуданд. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 1036 кас расид.

Эҳтимоли тамдиди истироҳати маскавиҳо дар робита ба паҳншавии коронавирус

Дар баробари ин як бемор аз маризии сироятии коронавирус ҷон бохт.

Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда аз 28 март то 5 апрелро рӯзҳои истироҳат эълом кард.

Дар баробари ин музди кори ҳар коргар чун рӯзҳои корӣ пардохт мешавад.

Президенти Русия аллакай қарори мазкурро имзо кард.

Кишвардор қайд кард, ки чунин қарор суръати паҳншавии коронавирусро дар ҳудуди кишвар паст хоҳад кард.

Ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин дар дидор бо соҳибкорони кишвар пешгӯӣ кард, ки Русия дар давоми ду-се моҳ коронавирусро решакан хоҳад кард, дар сурате, ки дигар давлатҳо мубориза бо вирусро идома хоҳанд хоҳанд дод.

 

Барчаспҳо:
вирус, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ