00:54 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1251 0 0

Ҳукумати Чин дар бораи пирӯзӣ бар коронавируси навъи COVID - 19 хабар доданд. Дар ин кишвар дигар вирус паҳн намешавад

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳамагирии коронавирус дар ҳудуди Чин пурра боздошта шуд, изҳор дошт, намояндаи расмии Кумитаи давлатии тандурустии Чин, Ми Фэн.

"То 28 март сироятшавии камтар аз се ҳазор нафар тасдиқ шудааст. Дар умум паҳншавии коронавирус дар Чин боздошта шуд", - гуфт Ми Фэн.

Ӯ қайд кард, ки аз оғози зуҳури коронавирус то кунун дар ҳудуди кишвар 81,4 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Вуҳан ҳангоми карантин, акс аз бойгонӣ
© REUTERS / Instagram / Emilia

Дар баробари ин пизишкон тавонистанд 75,5 ҳазор беморро табобат кунанд. Ин беморӣ ҷони 3,3 ҳазор касро гирифт.

Русия роҳи табобати коронавирусро пайдо кард

Пандемияи коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия якбора 1,5 ҳазор шуд

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ҳамоно дар афзоиш аст.

Вирус то Осиёи марказӣ низ расид.

То рӯзи 29 март дар 199 кишвари ҷаҳон 663,8 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 30,8 нафар қурбони ин вирус шуд.

Ва хушбахтона беш аз 142,3 ҳазор кас аз он шифо ёфт.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, паҳншавӣ, вирус, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ