Шумори гирифторони коронавирус дар Русия меафзод: 302 ҳолат дар як шабонарӯз

© AFP 2023 / EVARISTO SAПрофилактические меры против распространения коронавируса
Профилактические меры против распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи шабонарӯзи ахир дар 35 минтақаи Русия 302 ҳолати нави гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин бора аз ситоди фаврии зидди ин беморӣ хабар дода гуфтаанд, шумори мубталоёни ин беморӣ дар умум ба 1836 нафар мерасад, ки аз он нӯҳ нафар фавтидаанд.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ дар Русия алайҳи шахсе, ки аз карантин гурехт: дигар нафарро олуда кард

Ба иттилои манбаъ, бештари гирифторони беморӣ дар пойтахти Русия мебошад, ки он ба 1226 нафар мерасад. 

Манбаъ мегӯяд, то кунун 66 нафар аз мубталоёни коронавирус дар Русия шифо ёфтаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СҶБ, дар ҷаҳон беш аз 634 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 30 ҳазор нафар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти охирини Маркази тадқиқоти системавӣ ва муҳандисии Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс бошад, 723 ҳазо нафар мубтало,  34 018 нафар фавтидаву 152 ҳазор нафари дигар шифо ёфтаанд.
Бояд қайд кард, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март коронавирусро, ки нахустин бор дар шаҳри Вуҳани Чин моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шуд, пандемия эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0