07:07 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
941 0 0

Масъулини вазорати тандурустӣ хабар додаанд, ки аз санаи 1 феврал то 2 апрели соли равон 6272 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантина фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, то имрӯз аз 6272 нафар 2359 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3913 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар дар қарантина қарор доранд.

Ҳамчунин вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори дигар таъкид доштааст, ки то имрӯз, 2 апрели соли равон дар кишвар сироят  ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Галина Перфилева тасдиқ намуд, ки сирояти коронавирус дар ин кишва ба қайд гирифта нашудааст.

Номбурда дар баробари тасдиқ кардани набуди коронавирус дар Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз баргузорӣ ва ҳузур дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

"То ба имрӯз, тибқи омори расмӣ ва маълумоти СҶБ, ки бо ташхисгоҳи асосии ин маризӣ дар ҳамкории зич қарор дорем, расман тасдиқ мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ягона нишонаи ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст", - афзудааст Галина Перфилева.

Галина мегӯяд, Тоҷикистон ва Туркманистон ягона кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки аз ин маризӣ орӣ ҳастанд.

Барчаспҳо:
сироят, хориҷ, шаҳрвандон, Вазорати тандурустӣ, осоишгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ