11:41 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
441 0 0

Мақомоти тандурустии Эрон аз афзоиши теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва фавтидаҳо аз коронавирус дар ин кишвар хабар доданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 16 ҳазору 711 нафар аз мубталоёни вируси корона дар ин кишвар шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар кишварро 50 ҳазору 468 нафар арзёбӣ кард, хабар дод Парстудей.

Ӯ афзуд, бо ҷон бохтани 124 бемори мубтало ба корона дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонибохтагон дар Эрон ба 3 ҳазору 160 нафар расид.

Ҷаҳонпур афзуд, то кунун беш аз 69 миллион нафар дар тарҳи миллии муқобила бо корона дар Эрон ғирболгарӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нирӯҳои мусаллаҳ, ҷудосозии беморон ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст, таъкид кардааст хабаргузории Парстудей.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар ҷаҳон наздик ба 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки шумори нисбатан зиёдашон дар ИМА иқомат доранд.

Барчаспҳо:
табобат, таманнои шифои комил, маризӣ, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ