04:44 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
255801

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, рӯзҳои таъттилро дар кишвар то 30 апрели соли равон тамдид кард

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Путин зимни муроҷиати видеоияш аз тамдиди рӯзҳои истироҳат то 30 апрел хабар дода, таъкид намуд, ки маоши кормандон ҳифз хоҳад шуд.

Ӯ изҳор дошт, ки як ҳафтаи таътили охир имкон дод, ки бархе чораҳои пешгирикунанда алайҳи коронавирус амалӣ карда шаванд.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки бо назардошти вазъият эҳтимоли  ихтисори рӯзҳои таътил пешбинӣ мешавад.

Владимир Путин вазъи марбути коронавирус дар Маскавро ҷиддӣ хонд, ки сарфи назар аз талоши мақомот,  ҳанӯз пеши роҳи гирифторшавиҳо ба коронавирус гирифта нашудааст.

Ӯ бо назардошти вазъият дар манотиқи гуногун таъкид кард, ки бояд чорабиниҳою маҳдудкуниҳо низ вобаста ба вазъият амалӣ карда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия 771 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтанд, ки нишондоди бесобиқа мебошад

Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар 29 минтақаи Русия сабт шуданд, хабар дод ситоди фаврӣ.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои охирини мақомоти Русия 3 ҳазору 548 нафар дар 78 минтақаи кишвар гирифтори коронавирус шудаанд. Теъдоди бештари маризони коронавирус дар Маскав қарор доранд. Тайи як шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русия 595 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Дар маҷмуъ дар Русия 30 нафар аз гирифторони коронавирус ба ҳалокат расида, 235 нафар шифо ёфтанд.

Мавзӯъҳои асосӣ