01:03 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
65220

Намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии беҳдоштдар Тоҷикистон Галина Перфилиева гуфтааст, тоҷикистониҳо бояд ба таври қатъӣ ба як муддат аз ба оғӯш гирифтани ҳамдигар, бӯсобӯсӣ ва дастфишорӣ худдорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Галина Перфилиева ин нуктаро зимни як суҳбат бо “Ховар” изҳор дошта, гуфтааст,таваҷҷуҳи маро як одати шаҳрвандони Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд – ҳангоми вохӯрӣ бо дӯстону ҳамкорон онҳо бештари вақт якдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобӯсӣ ва дуру дароз дастфишорӣ мекунанд.

“Ин одати хуби тоҷикон аст, ки аз меҳрубониву самимият, хушрафторӣ ва  ростқавлии онҳо дарак медиҳад. Аммо биёед, хулоса намоем: дар давраи ҳассосе, ки тамоми  ҷаҳон дар банди коронавирус COVID-19 мебошаду  шумораи мубталоёни ин вирус қариб ба миллион, шумораи ҳалокшудагон ба зиёда аз 40 ҳазор нафар мерасад, анҷоми ин амал  магар ба саломатии мо ва атрофиён зиён намеорад? Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд,  ин вирус тавассути ҳаво  паҳн мешавад ва тоҷикистониҳо бояд ба таври қатъӣ ба як муддат аз ба оғӯш гирифтани ҳамдигар, бӯсобӯсӣ ва дастфишорӣ худдорӣ намоянд”,-гуфтааст, намояндаи СҶБ .

Ӯ ҳамчунин тавсия додааст, ки тоҷикистониён аз оростани маъракаҳои серодам муваққатан даст кашанд.

“Мо бояд  талаботи  қоидаҳои бехатариро бо мақсади ҳифзи саломатӣ риоя намоем, зеро ин фосилаи иҷтимоӣ миёни аҳолӣ метавонад суръати паҳншавии вирусро коҳиш диҳад. Агар дар ин бора мо рафтори худро тағйир диҳем, фикр мекунам, ки паҳншавии ин вирусро пешгирӣ кардан мумкин аст”,-таъкид кардааст, Галина Перфилиева. 

Бемории аср: шумори гирифторони коронавирус дар дунё аз 1 миллион гузашт

Намояндаи СҶБ таъкид намуд, ки: “мо бояд ҳамроҳи шумо тадбирҳое андешем, ки дар ҳама ҳолат дар  мубориза  бо ин беморӣ  омода бошем.  Агар дар ин хусус маълумоти кофӣ дошта бошем ва онро ба аҳолӣ дурусту дақиқ фаҳмонда тавонем, бовар дорам, ки мо ба ҳама мушкиливу сахтӣ ғолиб мебароем. Вақте ки аз ҷониби масъулин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дастҳои худро шӯянд, қоидаҳои гигиениро риоя намоянд, дар он сурат ҳар як шаҳрванд на вазифадор, балки уҳдадор аст, ки ин тавсияҳоро ҳатман риоя намояд”.

Бемории коронавирус баъди чор моҳи пайдоишаш имрӯз дар 204 кишвари ҷаҳон доман паҳн карда, ҷони беш аз 50 ҳазор одамро рабуд.

Тибқи оморҳои ахир, теъдоди гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон марзи 1 миллионро убур кард.

Барчаспҳо:
вирус, пешгирӣ, тавсия, Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Мавзӯъҳои асосӣ