20:47 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
958 0 0

Аз 1 феврал то 3 апрели соли равон 6305 нафар хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 2851 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 3454 нафар дар карантин  қарор доранд

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба кишвар баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласаи вазорат масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус,  баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати карантин эълон намудан дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин ҷаласа иттилоъ додаанд, ки аз 1 феврал то 3 апрели соли равон 6305 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 2851 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 3454 нафар дар карантин  қарор доранд.

"Таъкид шудааст, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот додаанд.

Пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар ва дигар масъалаҳои вобаста аз Умарзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, пешгирӣ, муқобила, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ